- оммавӣ
- [عاموي]1. мансуб ба омма, мардумӣ; оммавиву тарбиявӣ2. маҷ. умумӣ
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.
Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. Под редакцией Сайфиддина Назарзода. 2008.
бӯҳрон — [بحران] а 1. тиб. лаҳзаи тағйири қатъӣ дар ҳолати бемор 2. с., иқт. аз дараҷаи талабот зиёд истеҳсол кардани мол дар мамлакат, ки боиси вайрон шудани ҳаёти иқтисодӣ, кам шудани музди кор ва ба амал омадани бекорӣ мегардад: бӯҳрони иқтисодӣ;… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
вабо — [وبا] а 1. бемории сироятии ҳалокатовари меъда ва рӯда, ки боиси дарунравӣ, қай ва умуман вайроншавии мубодилаи обу намаки бадани инсон мегардад, холера 2. густариши бемории сироятии ҳалокатовари оммавӣ ба воситаи микробҳо, эпидемия; муромурӣ 3.… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гирдиҳамоӣ — [گردهم آيي] нав. ҷамъомади оммавӣ барои муҳокимаи озоди ягон массъалаи сиёсӣ ё мавзӯи муҳимми дигар, митинг … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гурезогурез — [گريزاگريز] гурезиши бетартибона, гурехтани басуръат, гурехтан ба таври оммавӣ ва бесаранҷомона … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
корпартоӣ — [کارپرتائي] с. ба таври оммавӣ аз кор даст кашидани коргарон бо мақсади ба корфармо пеш гузоштани ягон талаб, эътисоб: корпартоӣ кардан, корпартоӣ эълон кардан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
лексия — [ليکسيه] лот. баёни лафзии ягон мавзӯи таълимӣ ё илмию сиёсӣ; маърӯза; суханронӣ; лексияи оммавӣ шакли тарғиб ва паҳн кардани донишҳои сиёсӣ ва илмӣ дар муссисаҳои фарҳангию маърифатӣ; лексияи таълимӣ яке аз шаклҳои таълим ва усулҳои тадрис дар… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
маданият — [مدنيت] а 1. фарҳанг; тамаддун: маданияти моддӣ, маданияти маънавӣ; маданияти оммавӣ нав. як навъ маданияти тиҷоратии ҳозира, ки фаъолияти он ба шавқовар ва хуш гузаронидани фароғати одамон равона шудааст ва ин фаъолият бо чорабиниҳои одатан сода … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мубоҳиса — (мубоҳаса) [مباحثه] а 1. баҳси чанд кас доир ба ягон масъала, изҳори фикр кардани чанд кас аз рӯи ягон масъала, муҳокимаи оммавӣ дар атрофи ягон мавзӯи баҳсталаб 2. мунозира, муноқиша (дар бораи чизе); мубоҳисаи илмӣ баҳси илмӣ, баррасии ягон… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
намоиш — [نمايش] 1. намудан, нишон додани чизе ба тарзи тантананок 2. ба маърази тамошо гузоштан; (ба тамошобин) нишон додани филм, пиеса ва ғ. : намоиши асарҳои рассомон, намоиши кинофилмҳои таълимӣ 3. с. баромадан, ба майдону хиёбон ва роҳпаймоии оммавӣ … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
омм — [عام] а 1. ҳамаро фарогиранда, ҳамагонӣ, оммавӣ: қатли ом, ҳуҷуми ом 2. мардум, авом … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ